[smartslider3 slider=1]

Варзишгарони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.


Чемпионати Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола 26-28 апрел дар шаҳри Кота Кинабалуи Малайзия доир гардид. Дар чемпионат тақрибан 500 варзишгар аз 33 давлати Осиё иштирок карданд.

Ҷумҳурии моро 6 варзишгар муаррифи намуданд:

Нодирбек Қулматов дар вазни то 61кг,
Асадбек Фотоев дар вазни то 68кг,
Умед Сафаров дар вазни то 76кг
Муҳаммад Тешаев дар вазни то 55кг
Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни то 60кг

Медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Асадбек Фотоев дар вазни -68кг ва Умед Сафаров дар вазни -76кг миёни ҷавонони 16-17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни -61кг ҷои 7-умро ишғол намуд. Миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи бехтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод. Ӯ дар вазни то -55кг ҷои панҷумро ишғол намуд.

 

 

 

 

 

 

  • viber image 2019-05-13 , 18.56.53
  • viber image 2019-05-13 , 18.57.59
  • viber image 2019-05-13 , 18.58.22
  • viber image 2019-05-13 , 18.59.01