Рузҳои 18-19 апрели соли равон дар толори варзишии МД Мактаби Маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин (манеж) Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Каратэ-до WKF байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир гардид.
—
Дар чемпионати мазкур 339 нафар каратэчиёни кишвар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 273 мардон ва 66 нафар занон ташкил доданд. Ба чемпионат танҳо аъзоёни Федератсияи Каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шуданд. Дастаи вилояти Суғд бо 6 нафар довар, вилояти Хатлон бо 2 намоянда, 1 довар, 3 мурабби, ШНТҶ бо 3 довар, шаҳри Душанбе бо 3 довар ташриф оварданд ва бори аввал дар чемпионат дастаи минтақаи Рашт бо 2 нафар мураббӣ ва 23 варзишгар ширкат варзиданд.
—
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни Чемпионат – ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавию шаҳрӣ мебошанд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи умумиҷаҳонии Каратэ-до аз руи барномаҳои ката (катаи инфиродӣ, катаи даставӣ), кумитэ (кумитэи инфтиродӣ, кумитэи даставӣ) суръат гирифт.
—
Сардовар – Муҳаммадакбари Мирзоназар