[smartslider3 slider=1]

4-5 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Федератсия семинар барои доварон баргузор гардид


4-5 апрели соли равон бо ташаббуси Президенти Фереатсияи Каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсия семинар барои доварон баргузор гардид, ки дар он 25 нафар доварони Федератсия аз 5 минтақаи Ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Оиди вориди навгониҳо дар қоидаҳои WKF, оиди тартибу рафти чемпионатҳо, рафтори доварони кунҷӣ ва довари байн (рефери) Раҷабов Фурқат ва Джо-Чун-Си Вадим суханрони намуданд.


Рузи дуюми семинар дар толори варзишишии Федератсия баргузор гардид ва хар як иштирокчи дар амал маҳорати довари хешро нишон дода, аз ҷониби комиссия баҳодиҳӣ шуд. Дар анҷоми семинар ба хар як иштирокчӣ саволнома оиди қоидаҳои WKF дода шуд.
Тибки қарори роҳбарият ва комиссияи ваколатдор, иштирокчие, ки на кам аз 70% ҷавобҳои мусбӣ дорад, ба хайси доварони қунҷӣ мешаванд ва иштирокчие, ки на кам аз 80% ҷавобҳои мусбӣ дорад ба хайаси доварони байн (Рефери) ба Чемионат роҳ дода мешаванд.


Аз ҷониби Федератсияи Каратэ-дои ҶТ ба иштирокчиёни семинар шаҳодатномаҳо бо муҳлати эътиборашон 2-сола супорида шуд.

 

  • 3
  • 11111
  • 22222