[smartslider3 slider=1]

33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!


Бигзор салому дуруди беинтиҳо ва табрикоти самимии «Федераисия-и Каратэ-до»и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми шариф дар ин рӯзи таърихӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кунед!

Ба ҳамагон муборак бод ин рӯзи муқаддас, ки 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон ба озодӣ расид ва роҳи мустақилияти худро оғоз кард! Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки дар сояи он мо тавонистем ба ҳадафҳои миллӣ расем ва кишварро ба сӯи рушду нумуъ раҳнамоӣ кунем. Ин рӯзи фараҳманд рамзи қаҳрамонӣ, ваҳдат, ва кӯшишҳои беназирест, ки тоҷикистониён барои барпо кардани давлати мустақил ва обод анҷом додаанд.

Бигзор истиқлолияти мо ҳамеша устувор ва кишварамон ба пешрафту тараққиёти рӯзафзун ноил гардад. Дар ҳар хонадон сулҳу осоиштагӣ, ваҳдат ва пешрафти доимӣ ҳукмрон бошад!

Истиқлолияти Тоҷикистон муборак бод!